5 Феврал 2023 - 17:53
Таҷдиди мисоқи намояндагони маҷлиси Эрон бо ормонҳои имом Хумайнӣ (раҳ.)

Раис ва намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон бо ҳузур дар марқади мутаҳҳари бунёнгузори Ҷумҳурии исломӣ, бо нисори тоҷи гул, бо имом Хумайнӣ (раҳ.) таҷдиди мисоқ карданд.

Раис ва намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ҳамчунин бо ҳузур дар мазори шуҳадои Инқилоби Исломӣ ва ҷанги таҳмилӣ, ёди ин шаҳидонро гиромӣ доштанд.

44 соли пеш дар давоздаҳуми баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ (якуми феврали 1979) ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон, пас аз 15 соли дурӣ ва табъид аз ватан, дар миёни истиқболи пуршӯри мардум, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд.

Пас аз гузашти даҳ рӯз аз вуруди эшон ба Эрон дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357,(11 феврали соли 1979) инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.

342/